Fardo FARDO

Таърихи ТАҚХ «ФАРДО» аз соли 2000-ум, вақте, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Музаффарият» созмон дода шуд, оғоз меёбад.

Дар оғози соли 2006, ҶДММ «Музаффарият» иҷозатномаи Бонки Миллии Тоҷикистонро таҳти № 001-2519 «А» барои бурдани фаъолият дар самти амалиётҳои молиявӣ ба даст овард ва ба ҶДММ МЗО «Музаффарият» табдил дода шуд.

Дар ҷараёни фаъолияти худ, зиёд гардидани шумораи мизоҷон ва зиёд гардидани талаботи аҳолӣ ба пешниҳоди доираи васеи хизматрасониҳои молиявӣ, ҶДММ МЗО «Музаффарият» сармояи оинномавии худро афзоиш дода, дар нимаи соли 2007, ҳамчун ҶДММ ТАҚХ «Музаффарият», бо иҷозатномаи дахлдори Бонки Миллии Тоҷикистон таҳти № 0001-2519 «Б», шинохта шуд.

Дар оғози соли 2016, ҳайати нав, бо таҷрибаи бой дар бозори молиявӣ, ребрендингро бо тартиботи аз нав бақайдгирии давлатӣ, анҷом дод. Дар охири моҳи июни соли 2016, иҷозатномаи Бонки Миллии Тоҷикистон таҳти БМТ № 0000062, барои иҷрои амалиётҳои бонкӣ, аз нав ба даст оварда шуд.

Рӯйхати амалиётҳои моиявӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ:

  • Ҷалби пасандоз ва депозитҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
  • Додани қарзҳои хурд (ломбард ва ғайриломбард);
  • Кушодани суратҳисобҳои бонкӣ ва кор бурдан бо онҳо;
  • Интиқоли маблағҳо аз рӯи дархостҳои мизоҷон;
  • Пешниҳоди кафолат;
  • Амалиётҳои форвард ва своп;
  • Амалиётҳои хазинавӣ;
  • Ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ;
  • Додани кортҳои бонкии пардохт ва амалиёт бо онҳо;

Имрӯз ҶДММ ТАҚХ «ФАРДО» ба системаи ягонаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, дар фаъолияти худ мувофиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Бонки Миллии Тоҷикистон, амал мекунад.